Раҳпаймоии идона дар Хуҷанд бо иштироки 15 ҳазор нафар сокинони шаҳр

Дар шаҳри Хуҷанд ба чорабинии асосии идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – намоиши пуршукӯҳи театрикунонидашуда ва раҳпаймоии идона, ки шоми имрӯз, 14 сентябр доир мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Бино ба маълумоти масъулини ташкили ин чорабинӣ, раҳпаймоӣ, гузашт ва намоиши театрикунонидашуда бо иштироки беш аз 15 ҳазор нафар имрӯз дар майдони назди маҷмааи […]

Баҳром Файзуллоев

Дар шаҳри Хуҷанд ба чорабинии асосии идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – намоиши пуршукӯҳи театрикунонидашуда ва раҳпаймоии идона, ки шоми имрӯз, 14 сентябр доир мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.

Бино ба маълумоти масъулини ташкили ин чорабинӣ, раҳпаймоӣ, гузашт ва намоиши театрикунонидашуда бо иштироки беш аз 15 ҳазор нафар имрӯз дар майдони назди маҷмааи нави таърихиву фарҳангии “Истиқлол” доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, то оғози чорабиниҳои зикргардида сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин маҷмааи навро расман ифтитоҳ хоҳад кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати вилояти Суғд Аюбҷон Раҳматов иттилоъ дод, дар маркази маҷмаа иншооти баландиаш 58 метр қомат афрохта, он дар соҳили рости Сирдарё, дар маркази гузаргоҳи паҳлӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд воқеъ аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер