Иштироки дипломатҳои тоҷик дар раъйпурсии тағйирот ба Конститутсияи Озарбойҷон

Date:

Намояндагони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар пайгирӣ (мониторинг)-и раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани атғйирот ба Конститутсияи Озарбойҷон, ки санаи 26 сентябр доир мегардад, иштирок мекунанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аъзои КМИР ва намояндагони парлумони ҷумҳурӣ ба сифати нозирон ба ин раъйпурсӣ сафарбар намешаванд.

«Дипломатҳои тоҷики машғули кор дар Боку ба ҳайати нозирони ИДМ оид ба пайгирии ҷараёни раъйпурсӣ дар Озарбойҷон шомил мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар эътирозе, ки рӯзи 12-уми сентябр Фронти муттаҳидаи мухолифон зидди ислоҳи Қонуни асоии Озарбойҷон баргузор кард, ҳазорон нафар иштирок намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related