Талбаков: бесуботӣ дар ҷаҳон ба таҳкими ИДМ мусоидат мекунад

Date:

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Исмоил Талбаков мутмаин аст, ки бесуботии ҳамарӯза дар ҳоли густариш қарордошта дар аксари минтақаҳои ҷаҳон яқинан ба таҳкими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҳамчунин болоравии эътимод миёни кишварҳои узви он мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ИДМ ба хотири нигаҳдории муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ миёни мардуми аксари кишварҳо таъсис дода шуд.

Ба андешаи раиси ҲКТ, дар кори ҳамгиройии собиқ кишварҳои шӯравӣ, ИДМ чандон ба дастовардҳое ноил нагардида, «вале имрӯз имконоти Иттиҳод дар бахшҳои гуногун то охир истифода нашудааст».

«Ман ду даъват муовини раиси Комиссияи иқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ будам ва аниқ медонам, ки ин ниҳод барои банёди қонунҳои қолабӣ барои кишварҳои узви Иттиҳод корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад ва агар тамоми мақомоти ИДМ мисли он фаъолият медоштанд, имрӯз обрӯву нуфузи он хеле баланд мебуд», – чунин мешуморад сиёсатмадор.

Ӯ ба ин бовар аст, ки хатарҳои тероризми дар ҳоли рушд қарордошта дар ҷаҳон, буҳрону шикастҳои гуногун дар бахшҳои иқтисод, соҳаи бонкӣ ба он мусоидат хоҳанд кард, ки кишварҳои узви ИДМ ба ҳамкории бештар зичтар мепардозанд, то ки ба ин хатарҳо муқовимат карда тавонанд.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти 25-уми сарони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек 17 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳамаи намояндагони кишварҳо муҳим будани нигаҳдории фаъолияти Иттиҳодро таъкид доштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related