Гунаҳкории ширкати Ҳиндустон ба фурӯши доруҳои пастсифат

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз воридоти ғайриқонунӣ ва фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат дар пойтахти ҷумҳурӣ пешгирӣ карданд. Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, зимни санҷиш ошкор шудааст, ки дар паҳнкунивии ин мавод намояндагони ширкатҳои «Курамакс ЛТД»-и Ҳиндустон дар ҶТ ва ҶДММ «Файзалӣ С» даст доранд. Муомилот бо мақсади фурӯши маводҳои доруворию […]

Asia-Plus

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз воридоти ғайриқонунӣ ва фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат дар пойтахти ҷумҳурӣ пешгирӣ карданд.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, зимни санҷиш ошкор шудааст, ки дар паҳнкунивии ин мавод намояндагони ширкатҳои «Курамакс ЛТД»-и Ҳиндустон дар ҶТ ва ҶДММ «Файзалӣ С» даст доранд.

Муомилот бо мақсади фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат, ки ба меъёрҳои тасдиқшуда ҷавобгӯ нестанд, тариқи додугирифт (бартер), яъне маводи доруворӣ ба ивази қарз сурат мегирифтааст.

Маводҳои доруворию молҳои тиббӣ дар таваққуфгоҳи воситаи нақлиёт (гараж), ки дар он системаи ҳавотозакунӣ, рафҳои нигаҳдории қабатӣ, дастгоҳи шамолдиҳанда (кондитсионер) ва яхдонҳо тамоман мавҷуд набудаанд, нигҳдорӣ шуда, қисмате аз онҳо дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон фурӯхта шудааст.

Тибқи хулосаи ашхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҶТ, маводҳои доруворию молҳои тиббии мусодирашуда – аз қабили ҳабҳо ( таблетка)-и тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои (порошок)-и тамғаи «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандору (шпритс)-и 1 гр., система барои гузаронидани маҳлулҳои инфизионӣ ва ғайра дар ҳаҷмҳои гуногун барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодабарии онҳо иҷозат нест.

Гуфта мешавад, арзиши умумии маводҳои доруворию молҳои тиббии мусодирашуда беш аз 25,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.