Бозори телерекламаи Тоҷикистон пасттарин дар минтақа аст

Зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалии «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: чолиш ва имконот», ки дар Душанбе ҷараён дорад, коршиноси масоили расонаҳои хабарӣ аз Қазоқистон Валерий Маштаков изҳор дошт, ки бозори телерекламаи Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа хеле кам аст: бо аҳолии 8,5 млн. нафар соли 2015 ин бозор дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3,9 млн. […]

Лилия Гайсина

Зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалии «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: чолиш ва имконот», ки дар Душанбе ҷараён дорад, коршиноси масоили расонаҳои хабарӣ аз Қазоқистон Валерий Маштаков изҳор дошт, ки бозори телерекламаи Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа хеле кам аст: бо аҳолии 8,5 млн. нафар соли 2015 ин бозор дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қирғизистон бо аҳолии 6,1 млн. нафар ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 7 млн. долллари ИМА баробар шудааст.

Дар таҳқиқоти бозорҳои телерекламаи аз ҷониби Маштаков пешниҳодшуда дар бораи 8 кишвари собиқ шӯравӣ маълумот дода шудааст: Тоҷикистон, Қазоқистон, Беларус, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова.

Нишондиҳандаи пасттарин дар Тоҷикистон (3,9 млн. $) сабт гардида, пешсафи ин рейтинг Гурҷистон аст: бо аҳолии 3,9 млн. нафар соли 2015 бозори телерекламаи ин кишвар 36 млн., Қазоқистон – 101 млн., Беларус – 41 млн., Озарбойҷон – 30 млн., Арманистон – 20 млн. ва Молдова – 17 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ғайр аз ин, коршиноси қазоқ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи дар саросари ҷаҳон босуръат кам шудани тамошои маъмулии телевизион ҷалб намуда, қайд кард, ки дар ин робита мутаносибан бозорҳои телереклама низ коҳиш меёбанд.

Зимнан зикр гардид, ки шумори хонандагони матбуоти чопӣ низ босуръат рӯ ба коҳиш овардааст. «Мутолиаи рӯзномаҳо (газетаҳо) 25% ва мутолиаи маҷаллаҳо – 18% коҳиш ёфтааст», – иброз дошт коршинос.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар ин конфронс мушовири дастгоҳи ёвари президенти ҶТ дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Бӯриев низ доир ба нақши ВАО дар таъмини амнияти кишвар изҳори назар карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.