Пойтахтро чангу ғубор фаро гирифт

Дар вилояти Суғд борон борида, дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ обуҳавои тағйирёбанда ва шамоли сахт дар назар аст. Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо чангу ғубор фаро гирифт. Аз ширкатҳои ҳавопаймои ватанӣ иттилоъ доданд, ки ҳарчанд сатҳи возеҳиву аёнӣ ва биноӣ начандон хуб бошад ҳам, парвозҳо бо хатсайрҳо бо реҷаи муқаррарӣ сурат мегиранд. […]

Asia-Plus

Дар вилояти Суғд борон борида, дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ обуҳавои тағйирёбанда ва шамоли сахт дар назар аст.

Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо чангу ғубор фаро гирифт. Аз ширкатҳои ҳавопаймои ватанӣ иттилоъ доданд, ки ҳарчанд сатҳи возеҳиву аёнӣ ва биноӣ начандон хуб бошад ҳам, парвозҳо бо хатсайрҳо бо реҷаи муқаррарӣ сурат мегиранд.

Шамоили сахт чангу ғубор ва зарарҳои гарду ғуборро ба ҳаво мебардорад, ки барои роҳҳои нафаскашии инсон зарар доранд. Аз ин рӯ, даҳону биниро бо ниқоби маъмулӣ ё ниқоби докагӣ пӯшонидан, аз манфиат дур нест. Ҳамчунин айнак ҳам чашмонро муҳофиазт мекунад.

Бо вазъи обуҳавои имрӯза аз суроғаи зерин воқиф шуда метавонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.