Тоҷикистон воридоти гилхок аз Озарбойҷонро зиёдтар карданист

Дар доираи сафари расмӣ ба Озарбойҷон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Боку бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон, зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров қайд кардааст, ки дар муносиботи ду кишвар ҳамкорӣ дар заминаи металлургияи ранга мавқеи аввалиндараҷаро ишғол […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Озарбойҷон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Боку бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон, зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров қайд кардааст, ки дар муносиботи ду кишвар ҳамкорӣ дар заминаи металлургияи ранга мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Бахши асосии мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро ашёи хом ва маҳсулоти Ширкати алюминийи Талко, ки маҳсулоташро аз корхонаҳои Ганҷа, Сумгаит ва Боку харидорӣ менамояд, ҳамчунин, ҳамлу нақли нақлиётию транзитии молҳои ин ширкат ташкил медиҳад.

Маҳсулотҳое, ки асосан гардиши молро афзун менамояд, ин маҳсулоти истеҳсолкунандаи заводи алюминии “ТАЛКО” буда, тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешаванд. Барои истеҳсоли алюминий ҳамасола аз заводу ширкатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян гилхок, кокс ва дигар ашёи хоми нафтӣ харидорӣ мекунад.

 Соли 2012 корхонаи гилхоки Ганҷа бо мусоидати КВД «ТАЛКО» ва ТАЛКО Менеҷмент, аллакай, истеҳсоли маҳсулоти худро ба роҳ монд. Аммо бинобар сабаби хароҷоти зиёди маҳсулоти дохилӣ нархи гилхоки Ганҷа барои истеҳсолкунандагони алюминийи тоҷик «дастнорас ва рақобатнопазир» гардид. Дар ҳолате, ки агар ҷониби Озарбойҷон имконоти коҳиши хароҷоти зиёдатии маҳсулоти дохилиро дубора баррасӣ намояд, ТАЛКО омодааст, ки ҳамкориро дар ин самт дубора барқарор созад.

Ба фоидаи тарафи Озарбойҷон аст, ки корхонаи алюминийи тоҷик блокҳои анодро барои таъмини кокси нефти озарбойҷонӣ истеҳсол намояд.

Мавриди амал қарор гирифтани ин лоиҳа имкон медиҳад, ки анодҳои дар Тоҷикистон пухташуда ба корхонаи алюминийи Ганҷа, аз ҷумла, дар шароити муҳосиботи дутарафа вобаста ба дастрасии гилхок аз Озарбойҷон интиқол дода шавад.

Ба назари мо, ин лоиҳаҳо, ки барои тақвияти ҳамкориҳои ояндаи тиҷоративу иқтисодии кишварҳои мо нигаронида шудааст, ҳам барои мо ва ҳам барои ширкатҳо фоидаи мустақим расонида метавонанд.

«Заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф дар қаламрави ҳарду кишвар мавҷуданд ва ман мутмаин ҳастам, ки аз ин имконот ба нафъи Душанбе ва Боку самаранок истифода хоҳад шуд», -гуфтааст дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Дар навбати худ Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев Илҳом Алиев бо таваҷҷуҳ ба ин масъала ба сохторҳои марбутаи ҳукумати ин кишвар дастур додааст, ки дар ҳаллу фасли ин масъала, ки ҳалли бевоситаи онҳо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои ҷониби Озарбойҷони ниҳоят аҳамияти аввалиндара доранд, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.