Пешниҳоди дар пули 1000 сомонӣ гузоштани расми Эмомалӣ Раҳмон

Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шаҳринав дар як маводи интишоршудааш дар ҳафтавори «Тоҷикистон» пешниҳод кардааст, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару мардуми он, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад. «Президенти Тоҷикистон соли 1993 назхустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои […]

Asia-Plus

Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шаҳринав дар як маводи интишоршудааш дар ҳафтавори «Тоҷикистон» пешниҳод кардааст, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару мардуми он, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.

«Президенти Тоҷикистон соли 1993 назхустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард», – навиштааст муаллиф.

Зикр мегардад, ки «имрӯз Тоҷикистон дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард».

Дар мақола хотиррасон мешавад, ки «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз парокандагӣ, гурезагӣ, гуруснагӣ ва аз ҳама муҳимаш, аз беватанӣ наҷот дод».

Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» мутмаин аст, ки Тоҷикистон бояд хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро ба инобат гирифта, расми Пешвои миллат дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.

«Дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти кишвари азизамон ин иқдоми нек ҳадяе мешуд барои миллат, зеро ки сарвари одилу оқил як неъматест аз ҷониби Худованд барои халқ», – иброз доштааст муаллиф дар хотимаи мақолааш.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2010 дар Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд. Дар ҳамаи пулҳои Тоҷикистон расмҳои ходимони барҷастаи давлативу сиёсӣ, шоирону олимони маъруф, ки барои Тоҷикистон хизматҳои шоёну арзанда кардаанд, тасвир ёфтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.