Имкони ифтитоҳи дубораи хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку

Зимни мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Боку ба масъалаи имкони дубора барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Боку таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кардааст, ки ба мавҷуд […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Боку ба масъалаи имкони дубора барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Боку таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кардааст, ки ба мавҷуд будани асоси хуби қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи паст қарор дошта, ба ин мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ монеа эҷод менамояд.

«Мавҷуд будани хатсайрҳои ҳавоӣ, бешубҳа, ба бартараф кардани масъалаҳои баҳсталаб, афзоиши мубодилаи тиҷоративу иқтисодӣ, беҳтар гардидани алоқаҳои расмӣ ва ҷиҳати пурра ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд», – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки бар асоси мавҷуд будани созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе – Боку – Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба будҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр дубора мутаваққиф шуданд.

«Бо назардошти мавҷуд будани имконоти васеъи ҳамлу нақли ҳавоии Озарбойҷон ва паркҳои зиёди ҳавопаймоҳо, ҷониби мо ба тарафи Озарбойҷон пешниҳод менамояд, ки масъалаи дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии Боку – Душанбе – Бокуро аз ҳисоби ширкатҳои ҳавоии озарбойҷонӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳад», – гуфтааст Шукурҷон Зуҳуров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.