Эмомалӣ Раҳмон хусусияти афзалиятноки муносибот бо Ӯзбекистонро таъкид намуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 29 сентябр вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои қобили қабул ҳолат ва дурнамои тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи онро […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 29 сентябр вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои қобили қабул ҳолат ва дурнамои тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи онро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз тамоюли мусбати давраи охир дар муносиботи мутақобилаи ду кишвар, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин муҳимияти дастгирии машваратҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳор намуданд.

Эҳтиёҷи воқеии кунунӣ ба фаъолгардонии амалии ҳамкории таркибии фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо мушкилоти муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, диққати заруриро ба муҳимияти таъмини амнияти минтақавӣ чун шарти асосии суботи иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ равона карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки соҳаҳо барои кӯшишҳои муштарак кам нестанд ва сохторҳои дахлдори ду кишварро зарур аст, ки бо мақсади ба хатти нави рушд баровардани тамоми маҷмӯи робитаҳои байнидавлатӣ ба таври муназзам кор баранд.

Дар ин робита Президенти Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати берунии Тоҷикистон таъкид намуд.

Муҳимияти ҳифз ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои умумии рӯҳонӣ ва анъанаҳои ғании дӯстӣ бунёд ёфтаанд ва эҳтироми мутақобила, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, таъкид шуд.

Дар ин замина, ҳамчун масъалаи муҳими аввалиндараҷа баланд бардоштани сатҳи шарикии иқтисодӣ ва тиҷорат ҳамчун омили муҳими фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди созандаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид гардид.

Ҳамзамон соҳаҳои обу энергетика ва нақлиёту логистикӣ, инчунин масъалаҳои рафту омади дуҷонибаи шаҳрвандон ҳамчун самти тақозои ҳамгироии фаъоли созанда таъкид гардид.

Дар хотимаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар рушди модели Ӯзбекистон муваффақият ва ба мардуми бародари он сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъда таманно намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.