Дархости ВКД ҷиҳати муайян кардани шахсияти марди 36 рӯз дар сардхона қарордошта

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки ба кормандони милиса дар муайян кардани шахсияти марде, ки ҷасадаш санаи 5 сентябр дар вилояти Суғд дарёфт шудааст, мусоидат кунанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи 5 сентябр дар ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои мактаби таҳсилоти умумии №29, […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки ба кормандони милиса дар муайян кардани шахсияти марде, ки ҷасадаш санаи 5 сентябр дар вилояти Суғд дарёфт шудааст, мусоидат кунанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи 5 сентябр дар ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои мактаби таҳсилоти умумии №29, ҷасади ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола дарёфт карда шудааст.

«Муддати зиёда аз як моҳ мешавад, ки ҷасади мазкур дар сардхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошта, шахсияташ то айни замон номаълум боқӣ мондааст», – омадааст дар маълумот.

Нишонаҳои махсус: қадаш 165-170 см, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ мебошад.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш шудааст, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Б.Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 занг зананд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер