В.Матвиенко: Мо ҳамеша ба Тоҷикистон назари нек ва нигоҳи бародарона дорем

Date:

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Руссия дар ҳамаи соҳаҳо баррасӣ шуд.

«Байни кишварҳои мо муносиботи анъанавии эътимод ба якдигар вуҷуд дорад. Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Россия баҳои баланд дода ва дар оянда низ аз тамоми имконоти худ барои рушду инкишофи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ бо такя ба таҷрибаи доштаамон дар самти ҳамкорӣ истифода хоҳем кард», – гуфт Шукурҷон Зуҳуров зимни вохӯрӣ.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко таъкид кард, ки Тоҷикистону Руссия дар самти фаъолияти парлумони дупалата аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода кунанд.

«Мо ҳамеша ба Тоҷикистон назари нек ва нигоҳи бародарона дорем. Федератсияи Руссия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкориҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем», – гуфт В.Матвиенко.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related