Хатлон: Оғози мурофиаи гумонбар ба қатли сарбози рус

Дар суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвнадаи куштори хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Алексей Буенкови 40-сола, ки тобистони соли равон бар асари муноқиша дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр кушта шуда буд, оғоз гардид. Дар содир намудани ин ҷиноят сокини 24-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Аҳлиддин Машрабов гумонбар дониста шуда, ӯ мутобиқи […]

Сайраҳмон Назриев

Дар суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвнадаи куштори хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Алексей Буенкови 40-сола, ки тобистони соли равон бар асари муноқиша дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр кушта шуда буд, оғоз гардид.

Дар содир намудани ин ҷиноят сокини 24-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Аҳлиддин Машрабов гумонбар дониста шуда, ӯ мутобиқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ) айбдор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 30 ба 31 июл зимни ҷанҷолу занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ сержанти калони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар ин шаҳр кушта шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.