Президент фармондеҳони Гвардияи миллиро иваз кард

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон аз 13 октябри соли равон ва қарорҳои ҳукумат, дар Гвардияи миллии ҷумҳуӣ ва чанде аз сохторҳои ҳукумат тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Тоҷикистон озод ва подполковник Бобохонзода Ҷӯрахон […]

Asia-Plus

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон аз 13 октябри соли равон ва қарорҳои ҳукумат, дар Гвардияи миллии ҷумҳуӣ ва чанде аз сохторҳои ҳукумат тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Тоҷикистон озод ва подполковник Бобохонзода Ҷӯрахон Мирзозон ба ин вазифа таъин карда шуд. Полковник Одиназода командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ таъин карда шуд.

Бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, Иброҳим Ҷобиров бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» озод ва Лоиқ Ашӯров ба ин вазифа таъин гардид.

Мувофиқи амрҳои президент, Қаҳор Ойматов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи  президент озод карда шуд. Ваколати директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди президенти ҶТ Исроил Носиров бо сабаби вафоташ қатъ гардида, ба ин вазифа Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин таъин шуд, ки вакили палатаи поёнии парлумон аст.

Ҳамчунин Комилиён Файзалӣ Саъдулло муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Тоҷикистон» таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.