Эмомалӣ Раҳмон ба Саргсян барои кумак дар таҳкими марз изҳори сипос кард

Бегоҳии рӯзи 13 уми октябри соли равон дар шаҳри Ереван мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матуоти сарвари давлат, дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардид. Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат […]

Asia-Plus

Бегоҳии рӯзи 13 уми октябри соли равон дар шаҳри Ереван мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матуоти сарвари давлат, дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардид.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар доираи Созмони Миллали Муттаҳид,Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ намуда ҳару ҷониб омодагию ҳавасмании худро барои густариши  бештари  муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расонидани кӯмак дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии  Тоҷикистон дар доираи  Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба рушду тавсеи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мароқ зоҳир карда дар ин замина фаъолгардонии  кори Комиссияи байниҳукуматӣ  оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистонро  махсус таъкид намуданд.

Тавре таъкид гардид, муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Арманистон дар заминаи беш аз 30 санади ҳамкорӣ, ки  соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи муҳити зист, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро  фаро  мегиранд,  роҳандозӣ шуда дар мувофиқаи ҷонибҳо боз наздик ба 10 санади нави ҳамкорӣ қарор дорад, ки ҳамкории ду давлатро дар самти рафту омади шаҳрвандон,соҳаҳои маорифу тандурустӣ,сиёсати ҷавонон ва робитаҳои  байни ниҳодҳои илмӣ пешбинӣ менамояд.

Дар мулоқот ҳамчунин маҷмуи масъалаҳои марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи Афғонистон, ҳифзи сарҳади байнидавлатӣ, мубориза бар зиди терроризму экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.