Кумаки Арабистони Саудӣ ба Сурия ба ивази қатъи робитаҳо бо Эрон

Date:

Башор Асад, президенти Сурия мегӯяд, кишвараш ба майдони ҷанги Русия бо Ғарб табдил ёфтааст.

 Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба нашрияи русии "Комсомолская правда, Башор асад изҳор доштааст, ки "чизе, ки тайи чанд ҳафта ё моҳи ахир мушоҳида мекунем, бештар аз Ҷанги сард аст".

Дахолати густардаи низомии Русия дар нооромиҳои Сурия як сол пеш оғоз шуд. Кремл барои кумак ба артиши Асад дар амалиёти заминӣ бомбаафканҳояшро фиристод, ки ба афзоиши нерӯи режими Димишқ дар задухӯрдҳо сабаб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб агар аз шӯришгарони зидди Асад пуштибонӣ ҳам кунанд, ба онҳо кумаки низомӣ накардаанд. Башор Асад гуфта, ки Туркия бо эълони маъракаи ихроҷи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ва курдҳо ба қаламрави Сурия ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи президенти Сурия, Арабистон Саудӣ ба вай пешниҳод кардааст, ки агар иртиботашро бо Эрон, яке аз ҳампаймонони аслияш қатъ кунад, ба ӯ кумак хоҳад кард. "Риёз гуфт, агар ҳама гуна иртиботро бо Эрон ба қатъ кунӣ, пас мо омодаем, ки ба ту хеле одию мустақим кумак кунем", – афзудааст Асад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...