Қариб 34 млн. $ кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аз оғози сол

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 33,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак аз 52 кишвари дунё (ҳамин давраи соли 2015 – аз 36 кишвар) […]

Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 33,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак аз 52 кишвари дунё (ҳамин давраи соли 2015 – аз 36 кишвар) ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (23,6%), Русия (16,5%), Ҳиндустон (8,8%), Сербия (8,2%), Белгия (5%), Швейтсария (4,7%), Туркия (4,3%), ИМА ва Покистон (4%-ӣ)), Қазоқистон (3,4%), Олмон (2,9%), Дания (2,7%), Ҷумҳурии Корея (2%), Нидерланд (1,3%), Озарбойҷон ва Фаронса (1,1%-ӣ), Таиланд (1%), Эрон (0,8%) ва дигар кишварҳо рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст