Генерал Дӯстум бар асари ҳамлаи Толибон захмӣ шуд

Расонаҳои Афғонистон аз қавли мақомоти баландпояи он кишвар хабар доданд, ки генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар вилояти Форёб захмӣ шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Телевизиони 1ТВ-и Афғонистон рӯзи 17 октябр аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон иттилоъ дод, ки Абдурашид Дӯстум дар […]

Радиои Озодӣ

Расонаҳои Афғонистон аз қавли мақомоти баландпояи он кишвар хабар доданд, ки генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар вилояти Форёб захмӣ шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Телевизиони 1ТВ-и Афғонистон рӯзи 17 октябр аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон иттилоъ дод, ки Абдурашид Дӯстум дар ҳамлаи Толибон дар минтақаи Ғурмочи вилояти Форёб ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Расонаҳои дигари Афғонистон низ ин хабарро аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ нашр кардаанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе дар нишасти шӯрои вазирони он кишвар бо ишора ба бархӯрди корвони генерал Дӯстум бо камини Толибон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса чанд тани дигар низ захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамла ба корвони генерал Дӯстум шаби шанбе сурат гирифтааст ва дар ҳодиса чаҳор нафар кушта шудаанд, ки ду муҳофизи генерал Дӯстум низ дар миёни онҳо мебошанд. Хабаргузории "Хома"-и афғонӣ шумораи кушташудагонро 10 нафар гуфтааст, ки дар миёни онҳо як фармондеҳи нерӯҳои давлатӣ, низ мебошанд.

Тибқи бархе гузоришҳо, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, гӯё генерал Дӯстум дар ин ҳамлаи Толибон ба шиддат маҷрӯҳ шудааст, аммо дертар наздикони муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аксҳои ӯро нашр карданд ва гуфтанд, ки ӯ саломат мебошад. Ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки генерал Дӯстум ҷароҳатҳои сабук бардоштааст.

Амалиёти нерӯҳои афғон дар минтақаи Қайсори вилояти Форёб идома дорад ва гуфт шудааст, ки ҳудуди 20 деҳа аз Толибон поксозӣ шудааст. Рӯзи шанбе генерал Дӯстум гуфта буд, ки баъд аз сафараш ба вилояти Форёб то ба ҳол, Толибонро 20 километр ба ақиб ронда ва 20 деҳаро аз Толибон поксозӣ кардаанд ва амалиёти хона ба хона идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз рейдҳо дар саросари кишвар ҳудуди 6 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия ихроҷ мешаванд

Барои 7,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруд ба кишвар манъ шудааст.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.