Журналисти тоҷик пас аз марг ба ҷоизаи Лоҳутӣ сазовор дониста шуд

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни маросиме барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 17 октябр зимни маросими тақдими ҷоизаҳо дар толори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гуфтааст, ки ҳайати комиссия дар бахши матбуот ҷоизаи Лоҳутиро ба Маҳмадалӣ Мақсадулло аз нашрияи “Чархи Гардун”, Иршод Сулаймонӣ […]

Радиои Озодӣ

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни маросиме барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 17 октябр зимни маросими тақдими ҷоизаҳо дар толори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гуфтааст, ки ҳайати комиссия дар бахши матбуот ҷоизаи Лоҳутиро ба Маҳмадалӣ Мақсадулло аз нашрияи “Чархи Гардун”, Иршод Сулаймонӣ аз Озодагон ва Абдулмаҷид Бобоиён аз радиои маҳаллӣ тақдим кард. Хабарнигори марҳуми радиои давлатии Тоҷикистон Шарифи Мисайзод пас аз маргаш барои саҳмаш дар журналистикаи тоҷик қадрдонӣ шуд. Иловатан, Исматулло Азизов аз телевизион ва дар бахши таҳқиқоти журналистӣ ба Шариф Муллоев, як устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиби ин ҷоизаи мӯътабари журналистӣ шуданд.

Дар ин маросим Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва хабарнигорон ширкат доштанд. Зимни тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ ба ҳамсари журналисти марҳум Шарифи Мисайзод, Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ӯ ба унвони "як инсони самимӣ" ёд кард.

Зиннатулло Исмоилзода дар фарҷоми ҷоизасупориҳо шурӯи даври нави озмуни соли 2016-ро эълон кард ва гуфт, имсол ба хотири гиромидошти хотири раиси собиқи Иттифоқи журналистон марҳум Акбари Саттор ҷоизаи хосае таъсис шудааст. Вай гуфт, ҷоизаи мазкур ба соҳибкор, намояндаи мақомот ё ниҳоде дода мешавад, ки давоми як сол барои дастгирӣ ва ҷилавгирӣ аз басташавии расонаҳо ёрӣ мерасонад.

​Ба таъкиди ҷаноби Исмоилзода, ҷоизаҳо дар чор бахш – матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти журналистӣ тақдим шуданд.

Ёдрас мекунем, ки журналисти маъруфи радио Шарифи Мисайзод рӯзи 16 июни соли 2016 дар синни 50-солагӣ бар асари сактаи қалб дар Душанбе аз олам даргузашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.