Ҷарроҳи мағзу асаби маъруфи Финландия Юха Хернесниеми, ки дар қатори табибони даъватшуда ба муоинаи вазъи солимии Ислом Каримов баъди хунравӣ ба майнаи сар ҳузур дошт, бо вазъи президент шинос шуда, идомаи муолиҷаро нолозим шумурдааст.
– Табиб гуфтааст, ҳангоми муоинаи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз ҷониби табибони хориҷӣ ӯ воқеан аллакай мурда будаааст. Юха Хернесниеми таъмини сунъии фаъолияти ҷисмро “бозиҳо” унвон кардаааст, – хабар медиҳад РБК бо истинод ба Yle.
“Дар ин марҳилаи беморӣ ҷарроҳӣ дигар ҳеҷ маъние надошт ва ман идомаи муолиҷаро салоҳ надонистам. Бемор аллакай мурда буд, ин марги мағзи сар буд. Гурӯҳи табибони мутахассис хулосаҳои худро иброз доштанд ва баъди ин бозиҳо дар ҳукумат оғоз гардиданд”, – ҳикоят кардааст ҷарроҳ.
Ӯ ҳамчунин шарҳ додааст, ки вазъи ба дастгоҳи таъмини ҳаёти организм пайваст кардани ҷисм ва муддати чанде аз марги бемор хабар надоданро ӯ “бозиҳо” меномад. Аз мисолҳои ба ин монанд Хернесниеми ҳолатҳои ба чунин вазъ гирифтор шудани нахуствазири Исроил Ариэл Шарон ва диктатори Испания Франсиско Франкоро ёдовар шудааст.