Қатъи ҳаракати нақлиёт дар чанде аз кӯчаҳои пойтахт қариб ба муддати 1 сол

Date:

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои А.Деҳлавӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А.Адҳамот) ва гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода (аз майдони 800-солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи Бухоро) то 30 сентябри соли 2017 қатъ карда мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ин кӯчаҳо таъмиру азнавсозӣ мешаванд.

Дар қарори мазкур ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дастур дода шудааст, ки ҳангоми баргузории корҳои таъмиру азнавсозӣ, ҳаракати нақлиёт ба ин самтҳоро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат роҳандозӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябр бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба оғози корҳои сохтмон дар чорсӯи сеқабата дар буриши роҳҳо дар маҳаллаи 82-уми шаҳри Душанбе, ҳаракати нақлиёт тариқи ин чорраҳа ба муддати 2 сол қатъ шуд. Ҳаракати нақлиёт тавассути ин чорроҳа 30 июли соли 2018 дубора барқарор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...