Шахсияти ҷасади дар Суғд дарёфтгардида маълум шуд

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бо мусоидати расонаҳои хабарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти ҷасади рӯзи 5-уми сентябр дар вилояти Суғд дарёфтшуда муайян карда шудааст. Шахсияти ҷавони ҳалокшуда, ки аксаш дар ВАО интишор шуда буд, баъди ба хок супурдани ӯ муайян карда шуда, мақомоти тафтишот бар ин назар буданд, […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бо мусоидати расонаҳои хабарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти ҷасади рӯзи 5-уми сентябр дар вилояти Суғд дарёфтшуда муайян карда шудааст.

Шахсияти ҷавони ҳалокшуда, ки аксаш дар ВАО интишор шуда буд, баъди ба хок супурдани ӯ муайян карда шуда, мақомоти тафтишот бар ин назар буданд, ки ӯ ба худкушӣ даст задааст.

Рӯзи 25 октябр ВКД аз гӯру чӯб кардани ҷасад маълумот дода, вале аллакай рӯзи дигар сокини шаҳри Душанбе, ки бародари ӯ будааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард.

«Маълум шуд, ки шахси фавтида сокини шаҳри Душанбе Ислом Иноятови 18-сола аст. Ахиран ӯ бекор будааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 5 сентябр дар ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои мактаби таҳсилоти умумии №29, ҷасади ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола дарёфт шуд. «Муддати зиёда аз як моҳ мешавад, ки ҷасади мазкур дар сардхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошта, шахсияташ то айни замон номаълум боқӣ мондааст», – зикр гардида буд дар маълумоти ВКД.

Дар ин маълумот ҳамчунин қайд шуда буд, ки дар ҷисми ҷавон аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидааст. Имрӯз намояндаи ВКД изҳор кард, ки ҷавон дар ҳолати ба дор овехташуда дарёфт шудааст.

«Ҳозир хешону наздикони ҷавони ҳалокшуда ба кушодани қабр исрор меварзанд. Онҳо ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки ҷасадро дубора ба хок супоранд», – иттилоъ дод намояндаи ВКД Тоҷикистон.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки аз рӯи ин далел қаблан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, зеро дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт нагардида буд, вале агар қабр кушода шаваду ҷасад мавриди ташхис қарор гирад, аз рӯи натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ доир ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ тасмим гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, падару писарамаки ин ҷавон барои зиёрати манзилҷогаи вай ба Хуҷанд рафтаанд. Яке аз хешовандони ин хонавода ба кормандони пулис гуфтааст, ки қасди бурдани ҷасади писараш аз Хуҷандро надорад, чун насибаш ҳамин будааст ва дар ин ҷо ҷон додаву хоксупорӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.