Оташнишонон бозори «Саховат»-ро ҳам бастанд

Яке аз бозорҳои бузурги пойтахти кишвар «Саховат» баста шуд. Сабабаш риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор унвон мешавад. Савдогарони назди дарвозаи бозор имрӯз ҷамъомада боз кардани онро талаб мекунанд. Яке аз роҳбарони бозор, ки худро муовини директори бозори «Саховат» муаарифӣ карда, аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид, ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки фаъолияти бозор аз рӯи […]

Asia-Plus

Яке аз бозорҳои бузурги пойтахти кишвар «Саховат» баста шуд. Сабабаш риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор унвон мешавад. Савдогарони назди дарвозаи бозор имрӯз ҷамъомада боз кардани онро талаб мекунанд.

Яке аз роҳбарони бозор, ки худро муовини директори бозори «Саховат» муаарифӣ карда, аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид, ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки фаъолияти бозор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши хадамоти оташнишонӣ, ки мутобиқат надоштани фурӯшгоҳҳо ба меъёрҳои зиддисӯхторро ошкор сохтаанд, боздошта шудааст.

«Бозор ба як муҳлати номуайян баста мешавад. Имрӯз бояд комиссия ба кор шурӯъ кунад, ки анҷоми корҳои зарурӣ баҳри бартараф кардани камбдиҳоро муайян месозад», – иброз дошт номбурда.

Бозори «Саховат» дар қисмати ҷанубии пойтахт ҷойгир шуда, яке аз бозорҳои бузургтарини маҳсулоти хӯроквории шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Дар ин бозор асосан маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2010 дар ин бозор сӯхтор ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 18 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафтанд.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта оташнишонон кори бозори «Шоҳмансур»-и пойтахтро низ мутаваққиф сохтанд. Ин ҷо низ риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор рииоя нашуда буданд, аммо баъди се рӯз бозооро боз карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.