Оғози гуфтушунидҳо доир ба парвози ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Date:

Як ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти бамиёномада дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайат сардори Раёсати авиатсияи грждании вазорат Муҳаммадюсуф Раҳмон ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» шомиланд.

«Дар Маскав мо аз бозори авиатсионии худ ҳимоят мекунем ва ба риояи қоидаҳои парвозҳо бар асоси баробарӣ, ки дар Созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо зикр шудааст, исрор меварзем», – гуфт вазири нақлиёт, вале аз ифшои ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» маълу м шуд, ин гуфтушунидҳо аллакай оғоз гардида, вале дигар тафсилоташ алҳол маълум нестанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек ба намояндагони Тоҷикистону Русия ҳалли масъалаи мушкилоти парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо муяссар нагардид. Муовини вазири нақлиёти Русия Валерий Окулов ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудаст, ки ин масъала баррасӣ шуда, вале алҳол натиҷае ҳосил нашудааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба масъалаи мушкилот миёни мақомоти Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар изҳорот пахш намуд.

Дар изҳорот зикр гардида буд, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ то охири мавсими зимистони солҳои 2016/2017 иҷозат дода шуда, вале «Росавиатсия» ҷадвали парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистониро танҳо то 8 ноябри соли 2016 тасдиқ кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...