АНОНС
– Дар меҳмонхонаи «Серена» таҳти унвони «Тоҷикистони ман» намоиши аксҳо доир мегардад, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ин хабаргузорӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон созмон дода мешавад. Оғоз соати 16-00;
– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ спектакл барои кӯдакони М.Раухвергер ва Э.Калмановский «Красная шапочка» (Кулоҳчаи сурх) намоиш дода мешавад. Оғоз соати 10-00;
– Дар Маскав таҳти унвони «25 соли ИДМ: ҳусни тафоҳум, ҳамкорӣ ва рушд» форуми байнулмилалии гуманитарӣ доир мегардад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8775 сомонӣ;
1 евро – 8.7354 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1203 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи кормандони милитсия
1935 – Анҷумани нахустини ҷавонзанони Тоҷикистон баргузор шуд.
1935 – Таъсиси истгоҳи биологии Помири назди Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.
1961 – Шаҳри Сталинобод ба Душанбе тағйири ном кард.
2010 — 204 нафар тоҷикистониёни синнусоли аз 11 то 30-сола, ки дар мадрасаҳои Покистон ғайриқонунӣ таҳсил доштанд, ба ватан баргардонида шуданд.
2013 — Бар асари заминларза дар Ваҳдат 118 манзил пурра ва 259 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
1925 – Зодрӯзи профессор Маҳмадалӣ Ҳамроев.
1935-1999 – Мавлуди доктори улуми филология Аълохон Афсаҳзод.
1939 – Зодрӯзи шоираи русзабон, тарҷумон аз забони тоҷикӣ Татяна Кузовлева.
1940-1990 – Мавлуди шоири тоҷикзабони Ӯзбекистон Ҷонибек Қувноқов.
1945 — Зодрӯзи академик, доктори улуми кимиё Ӯлмас Мирсаидов.
1955 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров.
1959 – Мавлуди доктори улуми таърих Абдулҳаким Розиқзода.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +14+16.


