Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Серена» таҳти унвони «Тоҷикистони ман» намоиши аксҳо доир мегардад, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ин хабаргузорӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон созмон дода мешавад. Оғоз соати 16-00; – Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ спектакл барои кӯдакони М.Раухвергер ва Э.Калмановский «Красная […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Серена» таҳти унвони «Тоҷикистони ман» намоиши аксҳо доир мегардад, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ин хабаргузорӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон созмон дода мешавад. Оғоз соати 16-00;

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ спектакл барои кӯдакони М.Раухвергер ва Э.Калмановский «Красная шапочка» (Кулоҳчаи сурх) намоиш дода мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Дар Маскав таҳти унвони «25 соли ИДМ: ҳусни тафоҳум, ҳамкорӣ ва рушд» форуми байнулмилалии гуманитарӣ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8775 сомонӣ;

1 евро – 8.7354 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1203 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони милитсия

1935 – Анҷумани нахустини ҷавонзанони Тоҷикистон баргузор шуд.

1935 – Таъсиси истгоҳи биологии Помири назди Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.

1961 – Шаҳри Сталинобод ба Душанбе тағйири ном кард.

2010 — 204 нафар тоҷикистониёни синнусоли аз 11 то 30-сола, ки дар мадрасаҳои Покистон ғайриқонунӣ таҳсил доштанд, ба ватан баргардонида шуданд.

2013 — Бар асари заминларза дар Ваҳдат 118 манзил пурра ва 259 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

1925 – Зодрӯзи профессор Маҳмадалӣ Ҳамроев.

1935-1999 – Мавлуди доктори улуми филология Аълохон Афсаҳзод.

1939 – Зодрӯзи шоираи русзабон, тарҷумон аз забони тоҷикӣ Татяна Кузовлева.

1940-1990 – Мавлуди шоири тоҷикзабони Ӯзбекистон Ҷонибек Қувноқов.

1945 — Зодрӯзи академик, доктори улуми кимиё Ӯлмас Мирсаидов.

1955 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров.

1959 – Мавлуди доктори улуми таърих Абдулҳаким Розиқзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +14+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.