Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун доир мегарданд; – Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озмуни қироати шеър бахшида ба Президенти Тоҷикистон барпо мешавад; – Аз 16 то 20 ноябр дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон баргузор мешаванд; – Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Шератон» […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун доир мегарданд;

– Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озмуни қироати шеър бахшида ба Президенти Тоҷикистон барпо мешавад;

– Аз 16 то 20 ноябр дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон баргузор мешаванд;

– Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Шератон» барои намояндагони вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ кори семинар оид ба механизмҳои Гузориши Сиёсати Савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо дар доираи ҳамкории роҳандозишуда дар самти Ҷануб-Ҷануб бо Вазорати иқтисоди Туркия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8762 сомонӣ;

1 евро – 8.4787 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1175 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 – Миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

1992 – Дар Хуҷанд иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум ба кор шурӯъ намуд.

2009 — Президенти ҶТ дастур дод, ки таъҷилан саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун нашр шуда, аз аввали соли 2010 ба муомилот бароварда шаванд.

2013 — Мусаввараи «Арӯси тоҷик», ки аз ҷониби рассоми чинӣ Тсзин Шанъи офарида шудааст, дар музояда ба маблағи қариб 14 млн. доллари ИМА ба фурӯш рафт. Барои ширкати ташкилкунандаи музоядаҳои «Сзяде»-и Чин ин рекорди нави фурӯш дар зарфи 20 соли фурӯши мусавввараву муҷассамахо маҳсуб меёбад.

2014 — Тоҷикистон ба узвияти Фонди хайрияи НАТО пазируфта шуд, ки соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои хайриявӣ таъсис ёфтааст.

1937 – Зодрӯзи доктори улуми таърих Юсуфшо Яъқубов.

1939 – Мавлуд олим-муаррих, академик Раҳим Масов.

1947 — Зодрӯзи сароянда София Бадалбоева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +7+12.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +11+16. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +21+23.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.