АНОНС
– Ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар саҳнаи Театри ба номи Лоҳутӣ спектакли «Красная шапочка» (Кулоҳчаи сурх)-ро намоиш медиҳанд. Оғози спектакл соати 10-00;
– Дар маркази тиҷоратии «Вефа» дар мавзӯи «Ҷорисозии барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ дар Тоҷикистон» маърӯза (лексия) хонда мешавад. Оғоз соати 16-00;
– Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Шоми балетҳои якактӣ доир мегардад. Оғоз соати 18-00;
– Дар клуби «Manhattan» чорабинии шомгоҳии «SILVER PARTY» баргузор мешавад. Оғоз соати 22-00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8769 сомонӣ;
1 евро – 8.4590 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1189 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1994 – Таъсиси ҳафтавори хусусии «Дайджест-пресс».
2012 — Дар вилояти Суғд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои нав дар осоишгоҳи «Баҳористон» мавриди истифода қарор гирифт.
1921-1997 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхӯҷа Баҳодуров.
1968-2010 – Мавлуди оҳангсоз Ҳафиз Саидов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони ба барф гузаранда меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона -1+4.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.


