Осебпазирии Тоҷикистон ба терроризм нисбат ба дигар кишварҳои минтақа

Бино ба маълумоти гузориши нави Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳи Лондон, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бештар ба хатари терроризм осебпазир аст. Дар Индекси глобалии терроризм (The Global Terrorism Index) байни 163 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 56-ум қарор дорад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 3 амали террористӣ рух дода, бар асари он 12 нафар ҳалок ва […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти гузориши нави Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳи Лондон, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бештар ба хатари терроризм осебпазир аст.

Дар Индекси глобалии терроризм (The Global Terrorism Index) байни 163 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 56-ум қарор дорад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 3 амали террористӣ рух дода, бар асари он 12 нафар ҳалок ва 10 тан осеб диданд. Доир ба ҳаҷми зиёни моддӣ аз ин ҳодисаҳо маълумот дода намешавад.

Кишвари бештар амнтари минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон эътироф шудааст, ки дар мақоми 130-юми рейтинг ҷойгир шудааст. Ӯзбекистон зинаи – 117-ум, Қазоқистон – 94-ум, Қирғизистон – 84-ум ва Русия – мақоми 30-юмро ишғол кардаанд.

Дар гузориш қайд мешавад, ки соли 2016 шумори қурбониён аз амалҳои террористӣ дар ҷаҳон 10% – то 29,4 ҳазор нафар кам шуда, дар ҳамин ҳол, шумори қурбониёни амалҳои террористӣ дар кишварҳои рушдёфта 650% – то 731 нафар афзудааст.

Гуфта мешавад, аз ҳама бештар аз терроризм 5 кишвар – Ироқ (6969 нафар ҳалокшудагон дар амалҳои террористӣ), Афғонистон (5312 нафар), Нигерия (4940 нафар), Покистон (1086 нафар) ва Сурия (2761 нафар) ранҷу азият мекашанд, ки ба онҳо 72%-и ҳамаи қурбониёни амалҳои террористӣ рост меояд.

Таҳқиқот 163 кишварро фаро гирифтааст, ки 99,7%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Зимни муайян кардани ҷойҳо дар рейтинг якчанд омил, аз ҷумла шумори ҳалокшудагону осебдидагон дар амалҳои террористӣ, таъсири онҳо ба иқтисод ва ғайра ба инобат гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер