Густариши муносибатҳои Тоҷикистону Шӯрои Аврупо

Дар шаҳри Страсбурги Фаронса мулоқоти Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Шӯрои Аврупо Торбёрн Ягланд баргузор гардид. Ҷаноби Ягланд зимни истиқболи гарм аз мулоқоти худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 дар қароргоҳи Шӯрои Аврупо ёдовар […]

Иттилоияи расмӣ

Дар шаҳри Страсбурги Фаронса мулоқоти Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Шӯрои Аврупо Торбёрн Ягланд баргузор гардид.

Ҷаноби Ягланд зимни истиқболи гарм аз мулоқоти худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 дар қароргоҳи Шӯрои Аврупо ёдовар шуда, равобити ниҳоди худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гарчанд узви Шӯрои Аврупо нест, пурсамар ва ояндадор хонд.

Зимни сӯҳбати пурмуҳтаво ва мароқовар ҷонибҳо масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро, ки ба салоҳиятҳои Шӯрои Аврупо рост меоянд, баррасӣ намуда, дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди онҳо ибрози назар намуданд.

Ҳангоми сафари расмии мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ба қароргоҳи Шӯрои Аврупо байни ду ҷониб ба имзо расидани Конвенсияи Аврупо оид ба эътирофи мутабодилаи тахассусоти ба маълумоти олӣ иртиботдошта чун рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардид ва идомаи ин раванд ба нафъи кор талаққӣ гардид. Таъкид шуд, ки баррасии имконияти имзои Конвенсияи фарҳангии Аврупо боз як иқдоми хубе дар ин самт хоҳад шуд.

Ҷонибҳо ба фаъолиятҳои Комиссияи Аврупоии “Демократия аз тариқи Қонун” (Комиссияи Венетсианӣ) таваҷҷуҳ намуда, онро падидаи хеле хубу мусбат арзёбӣ карданд ва тавсеаю рушди чунин муносиботро байни Суди конститутсионии Тоҷикистон ва Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо салоҳ донистанд.

Дабири кулли Шӯрои Аврупо зимни ибрози назари хеш таъкид кард, ки тақвияту тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Шӯрои Аврупо ва инчунин Иттиҳоди Аврупо дар мавзуоти мубориза бар зидди ифротгароиву ҳаросафканӣ, пешгирии интишори маводди мухаддир тақозои рӯз аст ва дар ин самт инкишофи ҳамкориҳо байни муассисаҳои марбутаи кишвар ва ниҳодҳои Шӯрои Аврупо (Комиссияи Помпиду) чун рушди муносибот тибқи рӯзномаи кории ду ҷониб муфид хоҳад буд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо хушбинии хешро нисбати дурнамои мусбии тақвияти иртиботи ду ҷониб иброз намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер