Суд дояи қотили кӯдакро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард

Гулчеҳра Бобоқулова, ки кӯдакро дар шаҳри Маскав ба қатл расонида, таҳдиди ба амал овардани таркиш дар шаҳри Маскавро карда буд, бо қарори суд аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуд. Ӯ ба дармонгоҳ барои табобати маҷбурӣ фиристода мешавад. Бино ба маълумоти РБК, шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова барои муолиҷаи маҷбурӣ ба дармонгоҳи пӯшида фиристода шудааст. Қаблан низ […]

Asia-Plus

Гулчеҳра Бобоқулова, ки кӯдакро дар шаҳри Маскав ба қатл расонида, таҳдиди ба амал овардани таркиш дар шаҳри Маскавро карда буд, бо қарори суд аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуд. Ӯ ба дармонгоҳ барои табобати маҷбурӣ фиристода мешавад.

Бино ба маълумоти РБК, шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова барои муолиҷаи маҷбурӣ ба дармонгоҳи пӯшида фиристода шудааст.

Қаблан низ ташсис нишон дода буд, ки Бобоқулова аз нигоҳи равонӣ бемор буда, ӯ бояд мавриди муолиҷаи маҷбурӣ қарор гирад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябри соли равон Гулчеҳра Бобоқулова дар қисмати пӯшидаи мурофиаи судӣ ба содир кардани ин ҷиноят иқрор шуда, ҳаҷми зиёни аз ҷониби Гулчеҳра Бобоқулова расонидашуда ба ҷабрдидагон (волидони кӯдак ва соҳиби манзили иҷораи ин оила) 6,5 млн. рубл арзёбӣ шуд.

Давоми соли равон мақомоти суди шаҳри Маскав чандин маротиба муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқуловаро дароз кард. Ӯ ба қатли духтарчаи 4-сола дар Маскав моҳи феврали соли равон айбдор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.

Аввали моҳи апрел дар шабакаи интернет навори видео мунташир шуд , ки дар он гӯё гуфтугӯи дояи гумонбар ба қатли кӯдак дарҷ ёфтааст. Дар сабт зан Гулчеҳра Бобоқулова муаррифӣ шуда, рафтори худро ҳамчун қасосгирӣ барои бомбаборонкунии Сурия шарҳ медиҳад.

Ҳамчунин ВАО  иттилоъ дода буданд , ки шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.