Боз як маҳбус аз зиндони Хуҷанд фирор кард

Шоми рӯзи 24 ноябр як маҳбус аз муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд фирор кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита иттилоъ дод, маҳбуси фироркарда сокини 26ғсолаи шаҳри Исфара Амонуллохон Носирӣ будааст, ки соли 2009 бо ҷурми роҳзаниву ғоратгарӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда будааст. Аз шарҳи […]

Asia-Plus

Шоми рӯзи 24 ноябр як маҳбус аз муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд фирор кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита иттилоъ дод, маҳбуси фироркарда сокини 26ғсолаи шаҳри Исфара Амонуллохон Носирӣ будааст, ки соли 2009 бо ҷурми роҳзаниву ғоратгарӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда будааст. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин ҳодиса манбаъ худдорӣ кард.

Қобили зикр аст, ки соли равон ин ҳодисаи дуюми фирори маҳбусон аз муассисаи ислоҳии 3/3-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Шоми рӯзи 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон – Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов кӯшиши фирор намуда буданд.

Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Зимни нишасти хабарии нимсодаи аввал прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ин робита изҳор намуд а буд, ки аз рӯи далели кӯшиши гурехтан аз муассисаи ислоҳӣ нисбати фироиён мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати ду корманди муассиса мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳамчунин нисбати ду корманди муассисаи ислоҳии низомаш шадиди 3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки се тан аз маҳбусон аз он кӯшиши фирор намуда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.