Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели фирори маҳбусон дар Суғд

Нисбати ду корманди муассисаи ислоҳии низомаш шадиди 3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки се тан аз маҳбусон аз он кӯшиши фирор намуда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи далели кӯшиши гурехтан аз муассисаи ислоҳӣ нисбати фироиён мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати […]

Мавлуда Рофиева



Нисбати ду корманди муассисаи ислоҳии низомаш шадиди 3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки се тан аз маҳбусон аз он кӯшиши фирор намуда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи далели кӯшиши гурехтан аз муассисаи ислоҳӣ нисбати фироиён мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати ду корманди муассиса мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Шояд дар ҷараёни тафтиши ҳодиса мутобиқи моддаҳои дигар низ айбномаҳо пешниҳод шаванд. Тафтиш аз ҷониби Прокуратураи генералӣ гузаронида мешавад», – гуфт прокурори вилоят.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон – Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов

кӯшиши фирор намуданд.

Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер