Беш аз 2,8 млрд. $ сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон

Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Тоҷикистон ба аввали моҳи июли соли равон аз 70 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми умумии маблағи он 22,3 млрд. сомонӣ (2,84 млрд.доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар сандуқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумла 31 лоиҳаи грантӣ, 18 лоиҳаи қарзӣ ва 21 лоиҳаи сармоягузории […]

Пайрав Чоршанбиев



Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Тоҷикистон ба аввали моҳи июли соли равон аз 70 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми умумии маблағи он 22,3 млрд. сомонӣ (2,84 млрд.доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар сандуқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумла 31 лоиҳаи грантӣ, 18 лоиҳаи қарзӣ ва 21 лоиҳаи сармоягузории омехта вуҷуд дошта, ҳаҷми умумии маблағгузории грантӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ (1,25 млрд. $) баробар аст. «Дар доираи амалисозии ин лоиҳаҳо аз оғози сол 1,2 млрд. доллари ИМА маблағгузориҳо азхуд карда шуданд, ки 44% аз ҳаҷми умумии маблағи онҳоро ташкил медиҳад»,- гуфтанд дар Кумита.

Зимнан таъкид шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади амалисозии 10 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 133 млн. доллари ИМА созишномаҳои нав ба имзо расиданд.

Қобили зикр аст, ки аввали соли равон лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон аз 59 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми онҳо беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Тибқи маълумоти Кумита, тӯли 6 моҳи соли 2016 ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 221 млн. доллари ИМА сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар он ба зиёда аз 120 млн. доллари ИМА баробар аст.

Дар ин давра сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аз Чин – дар ҳаҷми қариб 67,8 млн. $, Русия – 30 млн. $, Фаронса – 7,6 млн. $, Британияи Кабир – 5,5 млн. $, ИМА – 4,3 млн. $ ва дигар кишварҳо – 4,8 млн. $ ҷалб шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.