Толибилми тоҷик яке аз ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ

Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин баргузор гардид, ки дар он 6 нафар хонанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намудаанд. Тавре котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвахт ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар олимпиадаи мазкур аз 29 давлати дунё хонандагон иштирок намуда, дар ҷамъбасти […]

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин баргузор гардид, ки дар он 6 нафар хонанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намудаанд.

Тавре котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвахт ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар олимпиадаи мазкур аз 29 давлати дунё хонандагон иштирок намуда, дар ҷамъбасти олимпиада Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ба даҳгонаи ғолибон шомил гардидааст.

«Ин сеюмин Шоҳҷоизаи хонандаи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин мебошад. Ба он соли 2008 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев, соли 2013 хонандаи мактаби Президентии шаҳри Бўстон Нодира Раҳимова ва соли 2016 Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе сазовор гардидаанд. Кумитаи тадорукоти олимпиада пешниҳод намуд, ки иштирокчиёни олимпиадаи мазкур имкон доранд ба донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дохил гардида, сазовори номи донишҷў гарданд», – илова намудааст котиби матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Гуфта мешавад, аз аввали соли 2016 инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Ветнам, Швейтсария, Эрон ва Индонезия баргузор гардиданд, сазовори 127 медал: 21 ҷойи якум, 33 ҷойи дуюм, 73 ҷойи сеюм ва 33 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио