Ба аҳолии Тоҷикистон сармоягузор буданро пешниҳод мекунанд

Даромади аҳолии Тоҷикистон айни замон асосан барои қонеъ сохтани талаботи аввалиндараҷа равона мегардад. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки замони ба рушди иқтисод саҳмгузор шудани аҳолӣ бо қисмате аз ин воистаҳои худ фаро расидааст. Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди миёнамуҳлати кишвар барои солҳои 2016-2020-ро таҳия намудааст, ки айни замон дар баррасии парлумон қарор дорад. Дар ин барнома […]

Asia-Plus

Даромади аҳолии Тоҷикистон айни замон асосан барои қонеъ сохтани талаботи аввалиндараҷа равона мегардад. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки замони ба рушди иқтисод саҳмгузор шудани аҳолӣ бо қисмате аз ин воистаҳои худ фаро расидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди миёнамуҳлати кишвар барои солҳои 2016-2020-ро таҳия намудааст, ки айни замон дар баррасии парлумон қарор дорад. Дар ин барнома аз ҷумла доир ба тағйири муносибати ҷомеа ба даромадҳои худ сухан меравад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод зимни симпозиуми илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз даромади аҳолӣ бо мақсадҳои истеъмолӣ истифода мешавад ва зарур аст, ки қисмате аз ин воситаҳо ба сармоягузорӣ ё ҷамъ шудани маблағҳои захиравӣ равона гардад.

«Яъне мо дар марҳилае қарор дорем, ки тақрибан 25%-и ҷомеа ба синфи миёна мансуб буда, сатҳи камбизоатӣ то 31% коҳиш ёфт. Акнун аз сарфи маблағҳои худ танҳо барои истеъмол худдорӣ мебояд варзид. Қисмате аз ин воситаҳоро дар шакли сармоягузорӣ ё маблағҳои захиравӣ ба рушди минбаъдаи иқтисод ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳо равона кардан зарур аст», – чунин мешуморад муовини вазир.

Умед Давлатзод таъкид дошт, ки ин иқдом набояд хусусияти дастурӣ дошта бошад ва давлат бояд аз нигоҳи иқтисодӣ мардумро ба чунин интихоб ҳавасманд созад. «Давлат бояд шароитҳоеро фароҳам оварад, ки хонаводаҳо ба сармоягузорӣ кардани даромадҳои худ ҳавасманд бошанд», – шарҳ дод ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.