Раиси БМТ: Эътимоди амонатгузорон ба бонкҳо зиёд мешавад

Дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор кард, ки сарфи назар аз мушкилоти дар бонкҳои Тоҷикистон пайдошуда дар соли равон оид ба баргардонидани пасандозҳои амонатгузорон, сатҳи эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бонкҳои […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор кард, ки сарфи назар аз мушкилоти дар бонкҳои Тоҷикистон пайдошуда дар соли равон оид ба баргардонидани пасандозҳои амонатгузорон, сатҳи эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 9,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали соли равон 13% ё худ 1,1 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки аз оғози сол бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 5,8 млрд. сомонӣ қарзҳо додаанд.

Номбурда зикр кард, ки сатҳи таваррум дар соли равон ба гумони ғолиб 7%-ро ташкил дода, соли оянда низ чунин андозаи мизони таваррум пешгӯӣ мешавад.

Дар мавриди ба эътидол овардани вазъи марбут ба баргардонидани маблағҳои амонатгузоштаи аҳолӣ дар чанде аз бонкҳо, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор намуд, ки санаи 2 декабр дар Душанбе оид ба ин масъала ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон доир мегардад. «Бовар дорам, ки пагоҳ ба ҳаллу фасли ин масъала нуқта гузшта мешавад», – итминон дод раиси БМТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.