Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обуҳавои номусоид рӯзҳои наздик огоҳ мекунад.
Кумита бо такя ба маълумоти обуҳавошиносон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 8-ум то 10-уми декабр дар ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як сония то 17-22 метр мевазад, пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин часпидани барфи тар дар симу дарахтон ва дар роҳҳои куҳӣ ғуншавии барф ва яхбандии шадид бар асари сармо пешбинӣ мешавад.
Ҳушдор дода мешавад, ки бар асари шамол ва часпидани барфи тар дар симҳо, эҳтимоли зарар дидани хатҳои интиқол барқ, шикастани дарахтон, ҳамчунин зарар дидани овезаҳои реклама, ки суст часпонида шудаанд, вуҷуд дорад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро аз тариқи роҳҳои куҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои куҳӣ худдорӣ варзанд.


