Шумораи махсуси «Боҷу хироҷ» бахшида ба Паёми солонаи Президент

Бахшида ба Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ шумораи махсус нашр намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», шумораи махсус аз 24 саҳифа иборат буда, дар он саҳифаи махсуси «Аз Паём то Паём» ва навигариҳо аз фаъолияти мақомоти андози кишвар, гузоришҳо аз ҷараёни […]

АМИТ «Ховар»

Бахшида ба Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ шумораи махсус нашр намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», шумораи махсус аз 24 саҳифа иборат буда, дар он саҳифаи махсуси «Аз Паём то Паём» ва навигариҳо аз фаъолияти мақомоти андози кишвар, гузоришҳо аз ҷараёни машваратҳои мустақим (он-лайн) бо андозсупорандагон, насби терминалҳои нав дар мақомоти андози кишвар, тамғагузорӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пешкаши хонандагон шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин оид ба тартиби фаъолияти ҳукумати электронӣ, гуфтугӯ бо таҷҳизоти муосир, имтиёзҳои андоз барои андозсупорон, истифодаи мошинҳои назорати хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ, маркази коркарди маълумот хабарҳо нашр шуда, мусоҳиба бо сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат Абдуфатоҳи Ғоиб, мақолаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Акрам Рӯзизода, мулоҳизаҳои муовини аввали вазири нақлиёти ҶТ Сӯҳроб Мирзоев ва андешаҳои шаҳрвандон перомуни Паёми солонаи Пешвои миллат ба табъ расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.