Обуҳавои солинавии Тоҷикистон чӣ хел мешавад?

«Открытая Азия Онлайн» пешгӯии обуҳаво дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро пайгирӣ намуд. Дар ин кишварҳо барф хеле кам меборад. Моҳи декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе барфи зиёд борида буд, ки навори видеоии он лаҳзаҳоро ҳама бо хушнудӣ то ҳанӯз тамошо мекунанд. Тайи чанд соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҷашн гирифтани Соли нави […]

Asia-Plus

«Открытая Азия Онлайн» пешгӯии обуҳаво дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро пайгирӣ намуд.

Дар ин кишварҳо барф хеле кам меборад. Моҳи декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе барфи зиёд борида буд, ки навори видеоии он лаҳзаҳоро ҳама бо хушнудӣ то ҳанӯз тамошо мекунанд.

Тайи чанд соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш сурат мегиранд. Ҷонибдорони ҷашнгирӣ зиёданду вале мухолифони он ҳам кам нестанд. Мухолифон бештар ба он такя мекунанд, ки дар кишвар буҳрон ҳукфармосту хароҷоти беҳуда зиёд мешавад.

Хушбахтона, дар Тоҷикистон аз ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ даст накашиданд. Имсол ҳарчанд барф набошад ҳам, дар кӯчаҳои Душанбе бо Бобои Барфӣ дучор метавон шуд.

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзи 31 декабр дар шаҳри Душанбе обуҳавои бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат 13 дараҷа гарм мешавад. Шабона низ ҳаво 8 дараҷа гарм шуда, борон меборад. Рӯзи аввали соли 2017 низ баъзан борони борида, ҳарорат гарм хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио