Дар рӯзи ҳафтуми ҷустуҷӯҳо Нилуфар Ортиқоваи 27-сола ниҳоят пайдо шуд. Чанд раҳгузар, ки симои ин ҷавонзани овораро дар матбуот дида буд, ӯро шоми 5 январ дар назди донишгоҳи политехникии Душанбе дида шинохтаанд ва базудӣ ба хешовандонаш хабар дод.
Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ баъди соати 21 рӯзи панҷшанбе гуфтааст, хоҳарашро соате пеш бо кӯмаки роҳгузарҳо ниҳоят пайдо кардаанд.
"Ба мо занг зада гуфтанд, ки Нилуфарро дар маҳаллаи Политехнический, дар назди клиникаи бемориҳои пӯст дида, ӯро бо баҳонае дар он ҷо нигоҳ медоранд. Мо зуд ба он ҷо шитофтем ва ӯро шинохтем. Ҳолаш ошуфта буд ва моро нашинохт. Вале ҳоло мо ӯро гирифта дар дохили мошин ба хона, ба Турсунзода ҳаракат мекунем", – гуфтааст Наврӯз.
Гуфта мешавад, Нилуфар Ортиқоваи 27-сола, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шоми 30 декабри соли 2016 бо сару либоси сабук ва номуносиб ба сардиҳои зимистон аз хонаи падар дар шаҳри Турсунзода берун рафта ба Душанбе расид. Наздикони Нилуфар ба Шӯъбаи корҳои дохилии Турсунзода ариза дода, ҷустуҷӯи ӯро дархост карданд ва баробар бо ин матбуот ва сокинони ҷумҳуриро ҳам ба ҷустуҷӯи хоҳари худ даъват карданд.Онҳо гуфтанд, ки Нилуфар мушкили равонӣ дорад ва шояд бо ҳамин сабаб ҳам якбора аз хона берун рафту нопадид шуд.
Наздикон бовар доранд, мушкилоти равонии духтари аз шавҳар ҷудошудаашон боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ӯ гардидааст. Онҳо мегӯянд, мушкилоти равонии духтар баъди оиладор шуданаш сар шуд ва пас аз тоқатфарсо шудани зиндагӣ дар манзиле, ки, ба таъкиди наздикон, пур аз хушунат буд, ба хонаи падар баргашт. Ин ҷавонзан соҳиби як фарзанд буда, ҳоло кӯдакашро волидон нигоҳубин мекунанд.


