САҲА алҳол муҳлати ваколаташ дар Тоҷикистонро дароз накардааст

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) то ҳол доир ба дароз шудани муҳлати ваколаташ дар Тоҷикистон дар соли 2017 иҷозатнома нагирифтааст. Аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки кишварҳои иштирокчӣ то ҳанӯз бобати тамдиди муҳлати ваколати як қатор дафтарҳои САҲА дар кишварҳо ба созиш нарасидаанд. «Бо мақсади ҳарчи зудтар […]

Asia-Plus

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) то ҳол доир ба дароз шудани муҳлати ваколаташ дар Тоҷикистон дар соли 2017 иҷозатнома нагирифтааст.

Аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки кишварҳои иштирокчӣ то ҳанӯз бобати тамдиди муҳлати ваколати як қатор дафтарҳои САҲА дар кишварҳо ба созиш нарасидаанд.

«Бо мақсади ҳарчи зудтар ноил гардидан ба созиш Раёсат гуфтушунидҳоро идома медиҳад», – қайд мешавад дар посухи расмии Дафтари САҲА.

Аммо, зикр карданд дар намояндагӣ, то ба созиш расидан дар бораи тамдиди муҳлати ваколат аз ҷониби кишварҳои иштирокчӣ, дафтарҳои САҲА дар кишварҳо кушода буда, ба фаъолияти маъмурӣ, ки ба ваколатҳо вобаста нест, идома бахшида мешавад.

Қобили зикр аст, ки САҲА ҳамасола то фарорасии соли нави ҳисоботӣ барои фаъолият дар дохили Тоҷикистон иҷозатнома дошт.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи қарорҳо оид ба тамдиди муҳлати ваколати дафтарҳои САҲА дар кишварҳои иштирокчии Созмон якдилона дар Шӯрои доимии САҲА қабул карда мешаванд.

«Айни замон дар доираи Шӯрои доимии САҲА кишварҳои иштирокчӣ масъалаи дароз кардани дафтарҳои САҲА натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои иштирокчии Созмон, бо шумули кишварҳои Осиёи Марказиро низ баррасӣ мекунанд. Масъалаи тамдиди муҳлати ваколати САҲА дар Тоҷикистон бо раёсати амалкунандаи САҲА мувофиқа шудаст. Ҳамзамон барои қабули қарор доир ба ин масъала розигии натанҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи 57 кишвари иштирокчии САҲА зарур аст», – хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон чандин маротиба аз фаъолияти САҲА норозигӣ изҳор карда буд. Моҳи сентябр бинобар сабаби дар машварати САҲА оид ба чеанаки инсонӣ дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк карда буд. Баъди ин Тоҷикистон ҳамкориҳои худ бо ин Созмонро маҳдуд кард.

Ҳамчунин нимаи аввали моҳи октябр ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дигар ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар истифодаи сиёсати дугуна айбдор дониста буданд.

Дар ҳамин ҳол, муҳлати ваколати Дафтарҳои САҲА дар Ӯзбекистону Қирғизистон низ то ҳол тамдид наёфтаанд. Охири моҳи сентябри соли гузашта Бишкек мақоми ҳузури САҲА дар Қирғизистонро тағйир дода, Маркази САҲА дар Бишкек ба Дафтари барномавии САҲА табдил ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.