Дастури барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Хоруғ

Раҳбарияти ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» назди худ мақсад гузоштааст, ки парвози ҳавопаймоҳи тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанберо барқарор намояд. «Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ мо дар ин самт фаъолона кор карда истодаем. Мо назди худ мақсад гузоштаем, ки парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайрро ҳарчи зудтар барқарор созем», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр». Дар […]

Asia-Plus

Раҳбарияти ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» назди худ мақсад гузоштааст, ки парвози ҳавопаймоҳи тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанберо барқарор намояд.

«Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ мо дар ин самт фаъолона кор карда истодаем. Мо назди худ мақсад гузоштаем, ки парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайрро ҳарчи зудтар барқарор созем», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр».

Дар ширкати ҳавопаймоӣ зикр карданд, ки Хоруғ яке аз самтҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим ба шумор меравад.

«Мо инро ба хубӣ дарк мекунем ва ҳаллу фасли мусбати ин масъала айни замон ба омодагии техникии ҳавопаймои АН-28 вобаста аст. Ин масъалаи молиявӣ буда, албатта бояд роҳи ҳалли худро пайдо кунад, вале барои мо таъмини бехатарии парвозҳо ба ин самт низ муҳим аст», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ширкати «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо муваққатан боздошта, сабаби онро анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28 унвон кард.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ахиран ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо тариқи ягона ҳавопаймоҳои боқимонадаи АН-28 анҷом медиҳад, ки барои ин иҷозатномаи дахлдор дорад. Дигар навъҳои ҳавопаймоҳои ширкат бо сабаби релйефи душвори кӯҳистон чунин парозҳоро анҷом дода наметавонанд.

Файзулло Сатторов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ яке аз душвортарин дар ҷаҳон аст

«Сарфи назар аз ин душвориҳо, аз нигоҳи иқтисодӣ ин хатсайр даромад наоварда, зиёновар аст. Ба ҷуз ду ҳавопаймои навъи Ан-28, мо дигар ҳавопаймоҳоро дар ин самт истифода бурда наметавонем», – иброз дошта буд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.