Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон барпо мешавад. Оғоз соати 09-00; – Дар бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00. – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон барпо мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Дар бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00.

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2016-и Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8850 сомонӣ;

1 евро – 8.4448 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1296 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 — Барои баррасии умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсияи ИҶШС ба чоп расид, ки 5-уми декабри ҳамин сол аз ҷониби иҷлосияи Шӯрои Олии ИҶШС қабул карда шуд.

1943 — Артиши шӯравӣ муҳосираи Ленинградро рахна кард.

1974 — Дар ИҶШС се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнат ва медали «Собиқадори меҳнат» таъсис дода шуд.

1997 — Норвегиягӣ Борг Ослунд бори нахуст дар ҷаҳон Антарктидаро гузашт.

2003 — Бо мақсади такмили низоми идоракунии давлатӣ, президенти ҶТ Фармон дар бораи як қатор тағйирот дар ин низомро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба ҳукумат оид ба барҳамдиҳии баъзе ширкатҳо дастур дода шуд.

2016— Ӯзбекистон транзит тариқи роҳи оҳанашро барои Тоҷикистон сабуктар кард.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, баъзан туман; дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 8-13, рӯзона -3-8; дар шарқ шабона -28-33, рӯзона -16-21.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1-6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд (борон, барф), туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот назаррас.

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -4-6.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.