ВАО: Машарипови дар Истанбул боздоштшуда бо шаҳрвандони Тоҷикистон робита дорад

Дар Туркия бар асоси баёноти Абдулқодир Машарипов, ки дар ҳамла ба клуби шабона айбдор карда мешавад, 27 нафар боздошт шудаанд, ки 15 нафари онҳо занон ва ҳамроҳи калонсолон 29 нафар кӯдакон низ будаанд. Тибқи маълумоти ВАО-и Туркия, миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд. Бар асоси баёноти Машарипов дар шаҳри Бурса амалиёти махсус гузаронида шуда, […]

Asia-Plus

Дар Туркия бар асоси баёноти Абдулқодир Машарипов, ки дар ҳамла ба клуби шабона айбдор карда мешавад, 27 нафар боздошт шудаанд, ки 15 нафари онҳо занон ва ҳамроҳи калонсолон 29 нафар кӯдакон низ будаанд. Тибқи маълумоти ВАО-и Туркия, миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

Бар асоси баёноти Машарипов дар шаҳри Бурса амалиёти махсус гузаронида шуда, дар 7 манзили ин шаҳр 12 нафар мардону 15 нафар занон боздошт шудаанд, ки 29 нафар кӯдакон низ ҳамроҳи онҳо будаанд.

Бино ба иттилои нашрияи туркии Hurriet, ҳамаи боздоштшудагон дар робита бо гурӯҳи фаъолияташ мамнӯи «Давлати исломӣ» гумонбар дониста шуда, нафарони дар 6 манзил боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Чин будаанд.

Дар хонаи 7-ум одамон ҳузур надошта, аммо дар он ҷо 40 адад шиноснома, 38 адад кортҳои қалбакии идентификатсионии туркӣ ва 15 адад телефони ҳамроҳ (мобилӣ) дарёфт шудааст.

Тибқи маълумоти ВАО, ин хонаи холӣ, ки аз он ҳуҷҷатҳои сохтаву телефонҳо дарёфт шудаанд, ба ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – М.С. ва Н.С. тааллуқ доштааст. Hurriet танҳо ҳарфи аввали ному насаби онҳоро зикр карда, тасдиқ мекунад, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Яке аз онҳо дар шаҳри Измир боздошт шуда, дигарӣ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Тавре Haberturk иттилоъ медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Истанбулу Бурса ва Измир хонаҳо доштаанд. Боздоштшудагон изҳор доштаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон М.С. одамонро дар Истанбул пешвоз гирифта, онҳоро дар хонаҳо ҷой медодааст ва сипас онҳоро ба шаҳрҳои Измиру Бурса мефиристодааст.

«Худи М.С. ба ҳайси духтури дандон кор карда, маҳз ӯ шахсони ба Туркия омадаро бо шиносномаҳои қалбакӣ таъмин мекардааст. Ӯ аз якчанд ному насаб истифода карда, гоҳе худро мансабдору гоҳе тоҷир муаарифӣ мекардааст ва ба сурати умум шахси доро аст», – зикр мегардад дар маълумот.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон алҳол ин маълумоти васоити ахбори умуми Туркияро шарҳ надодааст.

Ҳамчунин бино ба маълумоти ВАО-и Туркия, Машарипов муддати 36 соат дар ҳуҷраи яккасии боздоштгоҳ қарор дошта, бо касе гуфтугӯ намекунад ва ҳамаи баёноти худро ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.