Ҳалокати мушовири вазири мудофиа дар садамаи нақлиёт

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳалокати мушовири вазири мудофиа, собиқ сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Зариф Шарифзодаро тасдиқ кард. Генерал-майор Зариф Шарифзода (Бобокалонов – то ивази ному насаб) бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми дирӯз дар кӯчаи Умари Хайёми пойтахт рух дод, ҳалок шудааст. Маълумот дар бораи ҳалокати ӯро котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳалокати мушовири вазири мудофиа, собиқ сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Зариф Шарифзодаро тасдиқ кард.

Генерал-майор Зариф Шарифзода (Бобокалонов – то ивази ному насаб) бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми дирӯз дар кӯчаи Умари Хайёми пойтахт рух дод, ҳалок шудааст. Маълумот дар бораи ҳалокати ӯро котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев тасдиқ кард.

Ба гуфтаи як манбаъ аз Вазорати мудофиа, фарзияи асосии садама ин аст, ки худи генера-майор сари рули автомашина қарор дошта, эҳтимол дилаш аз кор мондааст ва автомашина ба мошини дар пешистода бархӯрдааст.

Генерал-майор Зариф Шарифзода то моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси муовини аввали вазири мудофиа кор мекард. Баъди ба исёни мусаллаҳона даст задани муовини дигари вазир Абдуҳалим Назарзода ва безарар гардонидани гурӯҳи ӯ, ҳамаи муовинони вазири мудофиа, аз ҷумла Шарифзода низ аз мансабҳояшон барканор шуданд. Баъдан ӯ мушовири вазири мудофиа шуд.

Ҳодисаи марги генерал-майор Зариф Шарифзодаро мақомоти корҳои дохилӣ ва Бозрасии автомобилии ҳарбии Вазорати мудофиа таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, ба ҳангоми садама, дар дохили мошини генерал як нафари дигар ҳам нишаста буд, ки ҳоло бо ҷароҳатҳои сангин дар бемористон қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.