ВКД: тоҷиконе, ки дар Туркия ҷустуҷӯ мешаванд, бо террористон робита доранд

Date:

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон аз ҷониби мақомоти Туркия бо нишондоди Абдулқодир Машарипов ҷустуҷӯ мешаванд, ҳақиқатан ҳам метавонанд бо созмонҳои террористӣ робита дошта бошанд.

«Нисбати шахсоне, ки ҳозир дар робита доштан бо Машарипов гумонбар мешаванд, мо ба Туркия дархост ва маълумот ирсол карда, хабар додем, ки ин шахсон барои содир кардани ҷиноятҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, аъзои созмонҳои террористӣ мебошанд, вале ба дархостамон посух нарасидааст, – иброз дошт вазир. – Доир ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо созмонҳои террористӣ алоқаманданд, мо ба Туркия беш аз 20 дархост фиристодем, вале ба ҳеҷ кадомаш то ҳол посух нагирифтаем».

Ба қавли Раҳимзода, акнун замоне, ки ҳукуматдорони Туркия доир ба робитаҳои Машарипов бо шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дод, Вазорат ҷиҳати боздошти онҳо бо мақомоти Туркия фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.

«Дарҳол баъди содир шудани амали террористӣ дар клуби шабонаи Reina дар шаҳри Истанбул ВКД Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия фаъолона ҳамкорӣ дошт, – қайд кард Раҳимзода. – Мо ба ҳамаи дархостҳои онҳо посух дода, дар натиҷа маълум шуд, ки шахси амали террористиро содирнамуда шаҳрванди Тоҷикистон нест».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18 январ чанде аз васоити ахбору умуми Туркия иттилоъ доданд, ки бар асоси баёноти Абдулқодир Машарипов, ки дар ҳамла ба клуби шабона айбдор карда мешавад, 27 нафар боздошт шудаанд, ки 15 нафари онҳо занон ва ҳамроҳи калонсолон 29 нафар кӯдакон низ будаанд ва миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...