Зиёда за 300 донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирокчии намоиши муаррифӣ гардиданд, ки дар доираи ин муаррифӣ лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд-шоу” оғоз гардид. Намояндагони оператори алоқа дар бобати чӣ гуна донишро дар рафти дарсҳои минбаъдаи устодон ба даст овардан, нақл намуданд ва ба суолҳои донишҷӯён посух доданд.
Дар муддати соли таҳсил мутахассисон аз “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” ба донишҷӯён дар бобати таҷрибаҳои беҳтарини тиҷорат, таъсиси лоиҳаҳои хусусӣ, ки дар ҷумҳурии мо амалӣ карда мешаванд, дар баланд бардоштани дараҷаҳои ихтисос дар касбҳои ба соҳаи телекоммуникатсия таалуқдошта кӯмак мекунанд. Дар қатори мавзӯҳои дарсони устодон – “Технологияҳои пештрафтаи маркетинг”, “Пешравиҳо дар технологияҳои иттилоотӣ”, “Намунаи ширкати молиявии муваффақ”, “Идораи истеъдодҳо дар тиҷорат” ва “Искусство Public Relations”. Хулоса, хонандагони ДСРТ дар соҳаҳои аз ҳама пешрафтаи имрӯза дониши хуб дарёфт мекунанд. Ғайр аз ин, донишҷӯён метавонанд дар ширкатҳо таҷрибаомӯзӣ карда мутахассиси аслии соҳаи телекоммуникатсия гарданд.
Чорабинии нахустини лоиҳа намоиши муарифӣ буд, ки дар рафти он роҳбарони ширкатҳои “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” ба донишҷӯёни ДСРТ дар бораи барномаи таълимии “роуд-шоу” суханронӣ карда, ҳатто баъзе “воҳимаҳои мобилӣ”-ро бартараф намуданд. Вале донишҷӯёнро масъалаи инкишофи минбаъдаи самтҳои телекоммуникатсия бештар завқманд менамуд. Меҳмонон аз “МегаФон Тоҷикистон” ва ширкати “Хуавей”, ки таҷҳизоти онҳоро оператор истифода менамояд, ба он ҳамфикр баромаданд, ки самтҳои асосӣ аз рушди интернети мобилии оммавӣ ва хизматрасониҳои дар асоси онҳо фаъолияткунанда иборат мебошанд – мисол бозиҳо бо амалҳои воқеии иловашуда. Зиёдшавии суръатҳои дастрасии мобилӣ ва рушди чунин технологияҳо, ҳамчун 4G дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо ин пайвастагӣ доранд. Афзалиятҳои интернети “телефонӣ”-ро донишҷӯён зуд тавонистанд баҳо гузоранд: меҳмонон озмун оид ба интернет-серфинг бо пешниҳод гардидани ёфтани ҷавобҳо ба саволҳои худ дар сомонаҳои “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” эълон намуданд. Аз ҳама иштирокчиёни хушзеҳни озун бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
На кам аз донишҷӯён вобаста ба тахминҳои фаъолият дар “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” ҳавасманд буданд. Роҳбарияти ширкатҳо қайд намуданд, ки ҳамеша ба кадрҳои ҷавони кордон ҳавасманд мебошанд ва оиди фаъолона аз худ намудани касбҳои сердархост тавсия доданд.
“Фаъолияти мо – на танҳо сохтмони шабака, балки таъмин намудани миллион муштариён бо алоқа мебошад. Дар ширкат пайваста нархномаҳои нав таъсис карда мешаванд. Ҷараёнҳои тиҷоратӣ тағйир дода мешаванд, ки боз ҳам самарабахш мегарданд. Мо фаъолона бо ВАО кор мекунем, рекламаи эҷодиро меофарем, иқдомҳои ғайриоддӣ эҷод намуда онро дар амал татбиқ месозем, лоиҳаҳои иҷтимоиро дастгирӣ менамоем. Пешниҳодҳои тозаи Шумо дар ҳама самтҳои бисёршумори фаъолияти “МегаФон Тоҷикистон” ба кор хоҳанд рафт. Иштирок дар лоиҳа, дар ҳақиқат ҳам ба шумо роҳро ба ояндаи бомуваффақият мекушояд”, – тавсия намуд ба донишҷӯён директори моливии “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Нахустин дарси устодон аз рӯйи лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд шоу” аллакай санаи 10-ум ноябр баргузор мегардад. Дар ин вохӯрӣ директори тиҷоратии “МегаФон Тоҷикистон” Дмитрий Семёнов бо донишҷӯён мавзӯйи “Маркетинги самаранок”-ро муҳокима менамояд.