Дар сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои 10 лоиҳаи навин дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) баргузор гардид.
Созишномаҳои мазкур аз чониби Сафири Фавқуллода ва Комилҳуқуқи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷ-би Ҳаҷимэ КИТАОКА ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 834,789 доллари ИМА мебошад.
Дар маросими мазкур ҷ-би Ҳаҷимэ КИТАОКА ба намояндагони мақомоти пазирандаи кумакхо бомуваффақ амалӣ намудани лоиҳаҳоро таманно намуд. Дар баробари таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Япония, ҷ-би КИТАОКА азми қатъии Ҷопонро на танҳо чиҳати таъмини кумакҳои амнияти башари баҳри дастгирии мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ-иктисодӣ дар беҳдошти сатҳи зиндагии ҷамоатҳои деҳотро хоса кайд намуд. Мақомоти пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, изҳори сипос ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон намуданд.
Дар чаҳорчӯбаи GGP лоиҳаҳои зайл маблағгузорӣ мешаванд:
- «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби No.50 дар деҳаи “Сайёд”-и ҷамоати ба номи Турдиеви, ноҳияи Ҳамадонӣ», бо ҷ-би Абдуқодир ВАЛИЗОДА, раиси ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба маблағи 84,400 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи барқарор намудани ду пул дар ҷамоати “Яккадин”-и ноҳияи Ҷайҳун», бо ҷ-би Фотеҳ АМИНЗОДА, раиси ноҳияи Ҷайҳун ба маблағи 84,355 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи барқарорсозии бинои беморхонаи минтақавии ҷамоати “Вранг”-и ноҳияи Ишкошим», бо ҷ-би Зикрихудо САМАДОВ, раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба маблағи 85,191 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии ҷамоати “Қизиғ Рабат”-и ноҳияи Мурғоб», бо ҷ-би Мирзабай ҶОШБАЕВ, раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба маблағи 88,026 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба ҷамоати “Сағирдашт”-и ноҳияи Дарвоз», бо ҷ-би Саидбурҳони АБДУРАХМОНЗОДА, раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ ба маблағи 84,814 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи “Доғистон”-и ҷамоати “Доғистон”-и ноҳияи ба номи Шамсиддини Шоҳин», бо ҷ-би Почохон ЗАРИФЗОДА, раиси ноҳияи ба номи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ба маблағи 85,052 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи барқарорсозии бинои мавҷуда ва сохтмони биноҳои нави мактаби No.29 дар деҳаи “Ватан”-и ҷамоати “Обшорон”-и ноҳияи Шаҳритуз», бо ҷ-би Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба маблағи 84,868 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи таъмири техника барои нигоҳдории канали обёрӣ дар ноҳияи Фархор», бо ҷ-би Сулаймон ВАЛИЗОДА ,раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба маблағи 79,800 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи беҳтар намудани системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Қубодиён», бо ҷ-би Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба маблағи 84,216 доллари ИМА тасвиб гардид;
- «Лоиҳаи мустаҳкамкунии хоки нишебиҳои соҳили дарё ва беҳтар намудани системаи обёрӣ дар 5 деҳоти ноҳияи Роштқалъа», бо ҷ-би Ҳади ХУСЕНӢ, директори иҷроияи созмони Кумакхои Башардустона (ФОКУС) ба маблағи 74,067 доллари ИМА тавсиб гардид.
Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 362 лоиҳаро ба маблағи умумии $29.3 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.


