Барои азхудкунии заминҳои азхуднашудаи Тоҷикистон миллионҳо сармоягузорӣ зарур аст

Омили муҳими рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав ба шумор рафта, барои ин сармоягузориҳои бузург зарур аст ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар ин самт бо сармоягузорони Чин ҳамкорӣ доранд. Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ як […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Омили муҳими рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав ба шумор рафта, барои ин сармоягузориҳои бузург зарур аст ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар ин самт бо сармоягузорони Чин ҳамкорӣ доранд.

Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба обёрии заминҳои ноҳияи Данғара ва таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва ғайра дар якчанд марҳила амалӣ мешавад.

«Дар Тоҷикистон барои азхудкунии беш аз 800 ҳазор гектар замин имконият мавҷуд буда, дар ин самт ба чунин корҳо дар заминҳои Данғара, Бешкент ва Қарадум (ноҳияи Ҷайҳун) дар ҷануби ҷумҳурӣ тақвият бахшидан зарур аст, ки аз онҳо метавон ҳосили хуби шолӣ, пахта, зироати ғалладона ва сабзавот ба даст овард», – гуфт директори Агентӣ.

Ба гуфтаи Холмурод Раҳмон, Тоҷикистон алҳол ба обёрии заминҳои партов ва биёбон мустақилона имкону заминаи моддиву техникӣ надорад ва дар тавозуни шуъбаҳои хоҷагии оби минтақавӣ барои обёрӣ кардани заминҳои нав техникаҳои муосир мавҷуд нестанд.

«Айни замон беш аз 280 ҳазор гектари замин дар Тоҷикистон тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, онҳо барои интиқоли 1 метри мукааб об 0,263 кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунанд ва хоҷагиҳои об ҳамагӣ 61%-и маблағи оби истифодашударо ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин дар навбати худ ба он оварда расонид, ки Агентӣ ба энергетикҳо ба маблағи умумии 75 млн. сомонӣ қарздор шуд ва қарзи дебитории худи Агентӣ бошад, ҳудуди 90 млн. сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки арзиши миёнаи 1 гектар замин вобаста ба минтақаҳо аз 10 то 20 ҳазор долларро ташкил дода, бо назардошти сохтмони низомҳои бузурги обёрӣ, ин рақам се-чор маротиба зиёд мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.